RU
TJ
TJ Arrow Down
  • RU
  • TJ

Маълумоти муҳим IQOS ILUMA i

Маълумоти муҳим

Амалияҳои муносиб юарои гузинаҳои бедуди маҳсулоти тамокукашии (маҳсулоти бедуд) ФМИ (GCP).
ФМИ интихоби васеи маҳсулоти бедуди баландсифат ва аз ҷиҳати илмӣ исботшударо пешниҳод менамояд, ки истифода аз онҳо беҳтар аз идома додани тамокукашӣ мебошанд. Биниши мо ин аст, ки маҳсулоти бедуди мо рӯзе сигорро иваз хоҳанд кард.


  • Сигоркашӣ сабаби бемориҳои ҷиддӣ мебошад ва боиси одаткунӣ мегардад. Бешак, ҳалли беҳтарин барои сигоркаши дилхоҳ радкунии истеъмоли тамоку ва никотин дар ҳамаи шаклҳо мебошад.
  • Ноболиғон набояд тамоку ё ки никотинро дар шаклҳои дилхоҳ истеъмол накунанд.
  • Маҳсулоти бедуди ФМИ барои шахсони расида ба синне пешбини шудаанд, ки аз он тибқи қонунгузории амалкунандаи маҳаллии кишвари фурӯш харидани маҳсулоти тамоку ва/ё дигар маҳсулоти дорои никотин иҷозат дода шудааст (минбаъд ҳамчун Истеъмолкунандагони Калонсол номида мешавад), ки онҳо  мехоҳанд тамокукашӣ ё истифодаи дигар маҳсулоти дорои никотинро идома диҳанд.
  • Мо маҳсулоти бедуди ФМИ-ро ба онҳое, ки ҳеҷ гоҳ маҳсулоти тамоку ё ки никотиндорро.ю ё ки ба онҳое, ки истеъмоли онро рад кардааст, пешниҳод намекунем. Маҳсулоти бедуди мо алтернативаи радкунии истеъмоли маҳсулоти тамоку ё ки дорои никотин набуда, воситаи табобат аз одаткунӣ ба никотин намебошанд.
  • Маҳсулоти бедуди ФМИ хатарҳо барои саломатиро истисно намекунанд ва дорои никотин мебошанд, ки боиси одаткунӣ мегардад. Аммо, гузаштан ба ин маҳсулоти бедуд интихоби беҳтаре нисбат ба идома додани тамокукашӣ мебошад.
  • Мо истеъмолкунандагони Калонсол маҳсулоти бедуди худро дар ҷараёни гузариши пурра ба чунин маҳсулотҳо бо омӯзонидан ва равонакунии онҳо дастгирӣ мекунем.
  • Барои он, ки истеъмолкунандагони калонсол бартарияти маҳсулоти бедуд эҳсос намоянд, истеъмолкунандагони калонсол бояд ба чунин маҳсулот пурра гузаранд ва аз тамокукашӣ абадан даст кашанд.
  • Мо истеъмолкунандагони калонсоли маҳсулоти бедуди худро дар бораи ҳама огоҳиҳо ва дастурҳои бехатарӣ дар бораи маҳсулоти бедуди мо огоҳ менамоем.

Чораҳои эҳтиётӣ ва дастурҳо оид ба бехатарӣ

Тамоку ва никотин


  • Стикҳои тамоку, ки бо низомҳои IQOS™ истифода мешаванд, дорои никотин мебошанд, ки ба вобастагӣ меоварад.
  • IQOS комилан бехатар нест. Беҳтарин роҳи коҳиш додани хатарҳои саломатии марбут ба тамоку ва никотин ин комилан даст кашидан аз тамоку ва никотин мебошад.
  • Бархе аз истеъмолкунандагони маҳсулоти дорои никотин аз дарди шикам, дарди қафаси сина, эҳсоси нафастангӣ, сулфа, душвории нафаскашӣ, чарх задани сар, хушкии даҳон, хушкии гулӯ, илтиҳоби милки дандон, дарди сар, бемадорӣ, бандшавии бинӣ, дилбеҳузурӣ, варами даҳон, афзоиши тапиши дил, варами гулӯ ва қайкуниро гузориш додаанд.
  • Нафароне, ки гирифтори бемории дил, диабет, эпилепсия ё дар хатари гирифторӣ ба онҳо ҳастанд ё одамоне, ки гирифтори ихтилоҷ мебошанд, набояд маҳсулоти дорои никотинро истифода баранд.
  • Инчунин, онҳо набояд ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ истифода карда шаванд. Агар шумо ҳомиладор бошед, шир маконед ё фикр кунед, ки ҳомиладор ҳастед, шумо бояд аз тамоку ва никотин комилан даст кашед.
  • Тарки тамокукашӣ ё гузаштан ба IQOS ва стикҳои тамокуи ҳамроҳи он ё дигар маҳсулоти дорои никотин метавонад танзими вояи баъзе доруҳоро (масалан, теофиллин, клозапин, ропинирол) талаб намояд.
  • Агар шумо дар бораи он ки оё саломатии шумо ба шумо имкон медиҳад, ки IQOS-ро истифода намоел, савол дошта бошед, ба духтур муроҷиат намоед.

Истифодаи стикҳои дорои тамоку

Танҳо барои истифода аз:


  • Дастгоҳи IQOS ILUMA PRIME / IQOS ILUMA ONE / IQOS ILUMA™ бо стиҳои тамокуи TEREA™,
  • Дастгоҳи IQOS ORIGINALS DUO / 3 DUO™ ё наслҳои қаблӣ бо стикчаҳои тамокуи HEETS™,
  • Истифодаи дастгоҳҳои IQOS бо сигор ё маҳсулоти шабеҳ мамнӯъ мебошад. Ин гуна  ҳаракатҳо метавонад боиси ҷароҳат гарданд.
  • Стикҳои тамокуи TEREA-ро ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир надиҳед ва ба стикҳои тамокуи TEREA ягон модда илова нанамоед. Ин гуна  ҳаракатҳо метавонад боиси ҷароҳат гарданд.

Пеш аз истифодаи маҳсулот, истеъмолкунандагон бояд шали пурраи чораҳои эҳтиётӣ ва дастурҳо оид ба бехатариро, ки дорои маълумоти муҳим дар бораи истифодаи бехатари ин маҳсулот мебошанд, хонанд.

Бад шудани хосиятҳои сифатии аккумулятор.

Дастгоҳҳои IQOS, аз ҷумла доракҳо, дорои аккумулятори литий-ион мебошанд. Аккумулятори литий-ион, ки дар дастгоҳҳо истифода мешавад, як ҷузъи масрафӣ аст, ки хосиятҳои сифатии он бо мурури замон дар тӯли истифода бад мешаванд. Ин раванди табиии маъмул барои ҳамаи аккумуляторҳои литий-ион аст. Бо кӯҳна шудани аккумулятор, қисмҳои фаъоли он қобилияти нигоҳ доштани зарядро аз даст медиҳанд, ки боиси коҳиши доимии иқтидори максималии аккумулятор ва энергияи муфид мегардад. Ғайр аз ин, қисмҳои фаъол дар интиқоли энергия самаранокии камтар пайдо мекунанд ва қобилияти аккумуляторро барои таъмини қувваи кофӣ барои кор кардани ҷузъҳои дастгоҳи электронӣ коҳиш медиҳанд. Дар натиҷа, дар баъзе ҳолатҳо, давомнокии истифода метавонад кӯтоҳтар бошад ва шумораи кашишҳо ё давраҳои истифодаи дастгоҳ бо як қувватдиҳии пурра метавонад кам шавад. Ғайр аз ин, истифодаи дуюми пайдарпай метавонад кӯтоҳтар бошад ё тамоман мавҷуд набошад.

Аккумулятор як низоми кимиёвиест, ки барои таъмини кори самаранок  ва ба ҳадди ақал расонидани эҳтимолияти аз даст додани иқтидор ва паст шудани коршоямӣ дар тӯли мӯҳлати хизматаш, ҳангоми қувватдиҳӣ ва холӣ кардани қувват нигоҳ доштани диапазонҳои муайяни ҳароратро талаб менамояд. Дар ҳоле ки дастгоҳи шумо дорои диапазони мушаххаси корӣ мебошад, ки дар он кор хоҳад кард, истифодаи дастгоҳ дар ҳадди ниҳоии ин диапазон боиси зудтар холӣ шудани аккумулятор ва коҳиш ёфтани хусусиятҳои сифатии он мегардад. Дастгоҳи шумо барои ба ҳадди аксар расонидани мӯҳлати хизмати дастгоҳ бо нармафзори тарроҳишуда бо дарназардошти талаботи корбар барои идораи параметрҳои қувватдиҳӣ муҷаҳҳаз шудааст. Чунин алгоритмҳо метавонанд мӯҳлати кори аккумуляторро дароз кунанд, аммо онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд кӯҳнашавии табиии аккумуляторҳои литий-ионро пурра қатъ ё суст намоянд. Истифодаи дастгоҳ дар ҳарорати баланд ва паст коҳиши табиии хосяитҳои сифатии аккумуляторро суръат мебахшад ва боиси зуд холӣ шудани он мегардад. Ҳатто агар шумо дастгоҳи худро истифода намебаред, аккумуляторҳо дорои низомҳои кимиёвӣ мебошанд, ки хосиятҳои сифатии онҳо бо мурури замон метавонад бад шавад. Бо ҳадафи суст кардани раванди зуд холӣ шудан ва бад шудани хосиятҳои сифатии аккумулятор, мо тавсия медиҳем, ки дастгоҳро дар доираи ҳарорати тавсияшуда қувват диҳед, онро барои муддати тӯлонӣ холӣ нагузоред ва симҳои барқдиҳӣ ва адаптерҳои барқдиҳиро, ки бо дастгоҳи шумо таъмин карда шудаанд, мувофиқи дастурҳои корбар истифода баред.

Барои тасдиқ нумадани он, ки шумо ба синни 18-солагӣ расидаед ва истеъмолкунандаи тамоку ё маҳсулоти дорои никотин ҳастед, лутфан санаи таваллуди худро ворид намоед.
Моҳ
Error text
Сол
Error text
Барои дастрасӣ ба мавод дар ин саҳифа, Шумо бояд ҳадди аққал 18-сола бошед.

Country

It looks like you are in United States
This website is intended for Tajikistan