Аз 15 декабри соли 2024 эътибор дорад
Дар бораи ин Шартҳои истифода
Хуш омадед ба сомонаи TJ.IQOS.COM (минбаъд дар матн - «Сомона»). Пеш аз истифодаи Сомона, шумо бояд бо ин Шартҳои истифода пурра шинос шавед, зеро риояи шумо ба ин Шартҳо ҳатмӣ аст. Бояд ба назар гирифта шавад, ки ҳангоми истифодаи баъзе қисмҳои ин Сомона ё дар манфиати худ истифода намудани ҳама гуна маълумоте, ки мо дар Сомона пешниҳод мекунем, мумкин аст, риоя кардани дигар шартҳо ва талабот ё огоҳиномаҳо дар бораи ҳуқуқи муаллиф талаб карда шавад. Дар ин ҳолат, мо шуморо дар ин бора огоҳ хоҳем кард ва дар баъзе мавридҳо аз шумо талаб карда мешавад, ки пеш аз идомаи истифодабарии Сомона бо ин шартҳо ё муқаррарот шинос шавед ва розигии худро диҳед. Хоҳиш карда мешавад, инчунин дар назар дошта бошед, ки ин ба Шартҳо метавонанд вақт аз вақт тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд. Ҳама тағйирот ва иловаҳо дар Сомона ҷойгир карда мешаванд, бинобар ин, хоҳиш карда мешавад, ки Сомонаро барои тағйирот ва иловаҳо аз назар гузаронед. Бо идома додани истифодаи Сомона пас аз ворид кардани тағйирот ва иловаҳо, Шумо қабули версияи нави Шартҳои истифодаро тасдиқ менамоед.
Истифодаи Сомона
Сомона барои тамокукашҳо ва истифодабарандагони низоми гармкунии тамоку, ки синнашон 18 ва аз он калонтар аст, пешбинӣ шудааст. Дастрасӣ ва истифодаи Сомона фақат барои шахсони аз 18 сола боло мумкин аст. Дар сурати вайрон карда шудани ин банд, шумо ҳуқуқ надоред Сомонаро истифода баред ё кӯшиш кунед, ки вориди он шавед.
Тағйир додан ва боздоштани дастрасӣ ба Сомона
Бояд дар назар дошта бошед, ки мо ҳақ дорем бо салоҳдиди худ, низоми амалкард, фаъолият ё дастрасӣ ба Сомона ё ягон қисми онро тағйир диҳем, боздорем ё қатъ кунем. Масалан, дар сурати вайрон карда шудани ин Шартҳои истифода, мо ҳақ дорем дастрасии шуморо ба Сомона боздорем. Мо инчунин ҳақ дорем дар вақти дилхоҳ ба Сомона навсозӣ ворид кунем ва ба мундариҷаи он тағйирот ворид кунем. Гарчанде ки мо барои навсозии маълумоти дар Сомона пешниҳодшуда кӯшишҳои лозимаро анҷом медиҳем, дар назар дошта бошед, ки мундариҷаи Сомонаи мо метавонад дар вақти дилхоҳ кӯҳна шавад ва мо ӯҳдадории навсозӣ намудани чунин маълумотро надорем. Мо инчунин бо ҳадафи анҷом додани нигоҳдории мунтазам ё ғайримуқаррарӣ барои ислоҳи хатогиҳо ё ворид кардани тағйироти дигар метавонем кори муқаррарии тамоми Сомона ё ягон қисми онро қатъ кунем.
Истифодаи Сомона ва мавод
Сомона ва мӯҳтавои он (аз ҷумла, бидуни маҳдудият, нармафзор, файлҳо, графика, маълумот, тасвирҳо ва маводҳои дигар) (минбаъд дар матн - "Мавод") дар моликияти мо ва/ё моликияти фармоишгарони мо қарор доранд. Шумо бидуни гирифтани розигии хаттии мо, барои истифода, тағйир додан, нусхабардорӣ, дубора тавлид кардан, аз нав интишор кардан, боргузорӣ кардан, аз нав интишор кардан, интиқол додан, паҳн кардан, фурӯхтан, иҷозатнома додан, иҷора додан, барои дастраии умумҳ гузоштан ё иҷро кардан, таҳрир кардан, мутобиқ намудан ё эҷод намудан ба ҳар равише асарҳои ҳосилшуда дар асоси Мавод ё қисмҳои дигари Сомона ҳақ надоред. Инчунин истифодаи Сомона ё дастрасӣ ба он ё Маводи он бо ҳадафҳои тиҷоратӣ манъ аст, дар робита бо он, ки Сомона ва Мавод танҳо барои истифодаи шахсии шумо пешниҳод карда мешаванд. Ҳама гуна истифодаи дигари Сомона ё Мавод ба таври возеҳ манъ аст, аз ҷумла, бидуни маҳдудият: -истифодаи Сомона ё мавод барои ҳадафҳои фаъолиятҳои хоҷагидорӣ; -паҳн кардан, истифодаи муштарак, нусхабардорӣ, дубора иҷро кардан ё нашр кардани Мавод; ё - бе иҷозати хаттии пешакии мо, тағйир додан, паҳн кардан, интиқол додан, иҷро кардан, пахш кардан, иҷроиш кардан, нашр кардан, иҷозатнома додан ё муҳандисии баръакси Сомона пурра ё қисман.
Пайвандҳо
Қобили зикр аст, ки Сомона метавонад пайвандҳо ба сомонаҳои шахсони сеюмро дошта бошад. Чунин пайвандҳо танҳо ба хотири роҳатии шумо пешниҳод карда мешаванд ва таблиғи чунин сомонаҳои тарафи сеюмро дар назар надоранд. Азбаски мо ин гуна сомонаҳо ва захираҳоро мустақиман назорат намекунем, мо барои коршоямӣ, мӯҳтаво, таблиғ, маҳсулот ё дигар маводи дар ин сомонаҳо ё захираҳо пешниҳодшудаи онҳо масъул нестем. Мо инчунин ин гуна сомонаҳои тарафи сеюмро мурур намекунем, аз ин рӯ, лутфан аз ҳолатҳои зерин огоҳ бошед: - мо барои чунин сомонаҳо, аз ҷумла шартҳои дастрасӣ ба чунин сайтҳо ва сиёсати махфияти маълумоти шахсӣ дар чунин сайтҳо амалкунанда масъул нестем ва мо аз болои мӯҳтаво ё дастрасии онҳо назорат надорем; - мо дар робита ба гирифтани мол, хидмат ё маълумот аз чунин сомонаҳо ҳеҷ гуна ӯҳдадориҳои мустақим ё ғайримустақим намедиҳем; ва - дар сурати гузариш ба чунин сомона, масъулият ва хатарро шумо ба ӯҳда доред. Шумо барои эҷод намудани фреймҳо, пайвандҳо ва пайвандҳои беруна ба Сомона аз сомонаҳои дигар бидуни ризоияти хаттии пешакии мо ҳақ надоред. Чунин розигӣ метавонад бо дарназардошти як қатор шартҳо дода шавад. Дар сурати зарурати эҷоди фрейм, пайванд ва пайвандҳои беруна ба Сомона, лутфан ба Хадамоти дастгирӣ муроҷиат намоед.
Махфият ва файлҳои cookies
Тибқи муқаррароти Огоҳинома оид ба риояти махфият махфияти мо усулҳои ҷамъоварӣ, истифода, интиқол ва коркарди маълумоти шахсии шумо, ки тавассути Сомона аз шумо пешниҳод шуда ё гирифта шудааст (аз ҷумла истифодаи файлҳои cookies) муқаррар карда мешавад. Барои таъмин намудани аз ҷониби шумо мавриди истифодаи пурсамартари Сомона дар Сомона инчунин файлҳои cookies истифода мешаванд. Дар Огоҳинома дар бораи истифодаи файлҳои Cookie мо намуд, амалкард ва ғайрифаъол намудани файлҳои cookies-и мавриди истифодаи мо шарҳ дода шудааст. Пеш аз оғози истифодаи Сомона, шумо бояд бо Огоҳинома оид ба риояти махфият ва Огоҳинома дар бораи истифодаи файлҳои Cookie шинос шавед, ки қоидаҳои онҳо ба монанди қоидаҳои ин Шартҳои истифода, мумкин аст аз ҷониби мо ҳар вақт тағйир дода шаванд.
Баёния дар бораи истисно кардани масъулият (дар бораи рафъи масъулият)
Гарчанде ки мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то Сомонаи иттилоотии содда ва осон паймоишро эҷод кунем, ин Сомона ба шарти "тавре, ки ҳаст" пешниҳод карда мешавад, агар мо дар ин Шартҳои истифода тартиби дигареро возеҳ нагӯем. Ин маънои онро дорад, ки мо дар назди шумо дар робита ба ин Сомона (бо назардошти муқаррароти бахши "Маҳдудияти масъулият" дар зер) ҳеҷ гуна масъулият надорем. Аз ин рӯ, мувофиқати Сомона ба ҳадафҳои шумо ҳангоми истифодаи он ба масъулияти шумост. Мувофиқи он, мо барои мувофиқат ё мутобиқати Сомона барои ноил шудани шумо ба ҳадафҳо ва вазифаҳои худ ҳеҷ гуна масъулият надорем ва ҳама масъулияти мустақим ё ғайримустақимро дар ин робита, бидуни маҳдудият, истисно мекунем: - таъмини дастрасии пайваста ва бе мушкилот ба Сомона; - кафолати он, ки Сомона ё сервере, ки аз он ба Сомона дастрасӣ таъмин карда мешавад, аз вирусҳо ва дигар ҷузъҳои зараровар холӣ аст; инчунин - таъмини дақиқӣ, мӯҳтавои мувофиқ, саривақтӣ, мукаммалӣ, эътимоднокӣ, сифати боло ё мувофиқати мӯҳтавои дар Сомона пешниҳодшуда ё тавассути Сомона интиқол додашуда ё ба таври дигар дар робита бо фаъолияти Сомона таъмин кардашуд. Мо инчунин кафолат намедиҳем, ки Сомона ё мӯҳтавои он аз хатоҳо ё норасоиҳо холӣ хоҳад буд ва мо дар бораи дурустӣ, пуррагӣ ё аҳамияти мӯҳтавои Сомона ҳеҷ гуна кафолатҳои мустақим ё ғайримустақим, тахминҳо, ваъдаҳо ё ӯҳдадориҳо намедиҳем.
Маҳдудияти масъулият
Мо дар назди шумо барои ҳама гуна талафот ё зараре, ки дар натиҷаи вируси компютерӣ, рад кардани хидмат ба корбарони қонунӣ ё дигар нармафзори аз ҷиҳати техникӣ зараровар ба амал меояд, ки метавонад дар натиҷаи истифодаи шумо аз Сомонаи мо (аз ҷумла дастрасӣ ба ҳама гуна мӯҳтаво дар Сомона ё тавассути Сомона) ё сомонаҳое, ки дар Сомонаи мо пайвандҳо ба онҳо дода шудаанд, таҷҳизоти компютерӣ, нармафзор, маълумот ё дигар маводи хусусии шуморо сироят кунад, масъулият нахоҳем дошт. Шумо инчунин эътироф менамоед ва розӣ мешавед, ки фаъолияти Сомона аз кори дуруст ва самараноки Интернет ва дигар таҷҳизот ва хидматҳои аз ҷониби шахсони сеюм пешниҳодшуда (аз ҷумла сахтафзор ё веб-браузери мо) вобаста аст ва дар нисбати мо барои чунин таҷҳизот ва хидматҳо ҳеҷ гуна ӯҳдадорӣ ё масъулияте вуҷуд надорад. Агар шумо ҳамчун истеъмолкунанда ва истифодабарандаи Сомонаи мо амал кунед, дар назар дошта бошед, ки мо дастрасӣ ба Сомонаи худро танҳо бо ҳадафи истеъмоли шахсии истифодабаранда фароҳам меорем. Шумо барои истифодаи Сомонаи мо барои ягон ҳадафи тиҷоратӣ ё корӣ ҳақ надоред, ва мо дар назди шумо барои ҳама гуна хисорот ё зарари махсус, ғайримустақим ё ҷаримавӣ ё барои ҳама гуна талафоти маълумот, фоидаи аз даст рафта, нагирифтани даромад, аз даст додани имкониятҳои тиҷоратӣ ё обрӯ масъулият нахоҳем дошт. Агар дар натиҷаи амалҳои шумо, дар кори Сомона ё низомҳое, ки Сомона ба шумо ё шахсони дигар интиқол дода мешавад, камбудиҳои техникӣ рух диҳанд, шумо ӯҳдадорӣ барои ҳолатҳои талафот, масъулият, хароҷот, хисорот ва зиёнҳо, аз ҷумла ҳаққи намояндагон барои хидматҳои ҳуқуқӣ ва хароҷоти судиро, ки аз чунин вайронӣ ё вобаста ба он бармеоянд, эътироф менамоед ва розӣ мешавед.
Ҳуқуқи ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ
Ин Шартҳои истифода ва истифодаи Сомона аз ҷониби шумо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Дигар ҳуқуқҳои моддии мо мутобиқи ин Шартҳои истифода
Мо барои интиқол додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро тибқи ин Шартҳои истифода ба дигар ташкилотҳо ҳақ дорем, дар ҳоле, ки чунин интиқол ба ҳуқуқҳои шумо ва ё ӯҳдадориҳои мо дар нисбати ин Шартҳои истифода таъсир намерасонад. Дар сурати аз ҷониби мо истифода карда нашудани ҳуқуқи талаб дар нисбати ӯҳдадориҳои шумо тибқи ин Шартҳои истифода, ё дар сурати аз ҷониби мо истифода карда нашудани ҳуқуқҳои даъвои мо дар нисбати шумо дар тартиби судӣ, ё дар сурати ба таъхир афтодани чунин истифода аз ҳуқуқҳо, ин ба маънои аз ҷониби мо даст кашидан аз ҳуқуқи иҷрои ҳуқуқҳои мо дар суд ё мавҷуд набудани ӯҳдадориҳои шумо оид ба иҷрои чунин ӯҳдадориҳо нахоҳад буд. Дар сурати аз ҷониби мо тасмим гирифта шудан дар бораи истифода накардани ҳуқуқи мо дар робита ба иҷро накардани шумо ё вайрон кардани ӯҳдадориҳои шумо мутобиқи ин Шартҳои истифода дар тартиби судӣ, мо шуморо ба таври хаттӣ огоҳ хоҳем кард. Ҳар як банди ин Шартҳои истифода мустақилона татбиқ карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар сурати аз ҷониби суд ё мақомоти дигар ғайриқонунӣ ё иҷронашаванда дониста шудани ягон банди Шартҳои истифода, бандҳои боқимонда пурра эътибор хоҳанд дошт. Ин Шартҳои истифода ба ягон шахси сеюм, ғайр аз шумо ва ширкати мо, ҳеҷ гуна ҳуқуқ намедиҳад.
Шахсони тамоси мо
Дар сурати ба миён омадани ҳар гуна савол дар бораи ин Шартҳои истифода ё Сомона, шумо метавонед бо рақами 4949 тамос гиред.
Маҳсулоти воқеӣ безарар нест ва дорои никотинест, ки нашъамандиро ба вуҷуд меорад. Танҳо барои шахсони аз 18-сола боло.
© 2024 Philip Morris Products S.A. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
Тасвирҳои рангҳои дастгоҳҳои IQOS ILUMA метавонанд аз доираи маҳсулоти мавҷуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқ кунанд.